Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд

Май 12, 2025 13:26

ЛАХШ, 12.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Лахш маросими савгандёдкунии сарбозон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  хабар доданд.

Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомӣ дар асоси муқаррароти Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо даровардани Байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҳар аскар дар назди масъулини роҳбарикунандаи қисми ҳарбӣ ва падару модарон савганд ёд намуда, қавл дод, ки сарбози содиқу бошарафи Ватан гардида, на танҳо давоми хизмат, балки тамоми умр барои таъмини суботу амнияти мамлакат хизмат менамояд. Зеро ҳимояи давлату ҷомеа ва таъмини амнияти шахс вазифаи сарбозони Ватан — ҷавонони бонангу ор мебошад. Аскарон садоқату самимияти худро зери Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ бо ибораи басе пурифтихор- хизмати содиқона ба халқу Ватан ифода карданд. Сипас, бо шараф хондан ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд, ки дар ин роҳи пуршараф ва боиси ифтихору сарфарозӣ қадамҳои устувор гузошта, хизмати масъулиятноки низомиро сарбаландона пеш мебаранд.

Наваскарон давоми  хизмати ҳарбӣ меъёрҳои оинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ карда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шудаанд. Аскарон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ҳамчун сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ тамоми вазифаю уҳдадориҳои ҳарбию хизматиро мустақилона иҷро менамоянд, зеро то аскар Савганди ҳарбӣ ёд накунад, наметавонад уҳдадориҳои ҳарбияшро иҷро намояд.

Бояд гуфт, ки савганди ҳарбӣ ҳар сарбозро водор мекунад, ки давоми хизмати ҳарбӣ бо номуси фарзандӣ ва ғурури ҷавонмардона вазифаи конститутсиониашро сарбаландона адо намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Май 12, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид