Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?

Май 7, 2025 15:37

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод доир ба муташаккилона, сари вақт ва босифат анҷом додани корҳо ва истифодаи босамари ҳар қитъа замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то аз он ҳосили фаровон рӯёнида шавад.

Тавре  аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2025 тибқи нақша дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии мамлакат дар 39 ҳазору 582 гектар картошка кишт карда мешавад. Ба ҳолати 2 май дар 20 ҳазору 595 гектар картошка кишт карда шудааст.

Раванди технологияи парвариши кишти картошка

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, дар 1 гектар 3500 килограмм тухмии картошка истифода бурда мешавад. Яъне, лӯндаҳои он аз 52 ҳазор то 55  ҳазор донаро ташкил медиҳанд.

Картошка дар системаи киштгардон ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Тавре доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ҳоло дар Тоҷикистон 15 намуди картошка маъмул аст. Кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.

Ба андешаи олим, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ (намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад) бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин муддат  барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 сантиметр ва дар чуқурии 8-10 сантиметр бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад. Муддати кишти баҳории картошка дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста ба вазъи ҳаво  мебошад. Агар картошка дар фасли баҳор кишт карда шавад, даври нашъунамои он ба ҳавои салқин, намнокии хок ва давраи ҳосилҷамъкуниаш ба тобистони гарм рост меояд.

Дар фасли сармо нозукии асосии кишти картошка он аст,  ки лӯндаҳои картошкаро бояд дар чуқурии 15 ё 16 сантимерт дар қаторҳо шинонид. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад  ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба  болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва  пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд.  Ин  ба сабзиши картошка мусоидат мекунад.

Кишоварзони мамлакат давоми чанд соли охир картошкаи зери плёнка кишт менамоянд. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ дар 15 гектар картошкаи  зери плёнка кишт намуданд, ки ҳоло  ҳосили онро ҷамъоварӣ менамоянд. Навъи кишти зери плёнка аз он ҷиҳат созгор аст, ки ҳосили он барвақттар ҷамъоварӣ мегардад.

Картошка дар кадом минтақаи Тоҷикистон ҳосили фаровон медиҳад?

Дар Тоҷикистон картошка асосан дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад. Навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, ки  минтақаҳои асосии истеҳсоли картошкаи хуштаъм ноҳияҳои водии зархези Рашт ба шумор мераванд. Деҳқонону картошкапарварони он ҳар сол ҳосили баланди картошка ба даст оварда, дастархони мардуми ҷумҳуриро бо ин маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамоянд. Дар ҳудуди ноҳияҳои ин водӣ картошка дар беш аз 12 ҳазор гектар кишт гардида, истеҳсоли умумии он зиёдтар аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки картошкаи истеҳсоли ин водӣ бо лаззату хуштаъмиаш ҳамто надорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Лахш иброз намуданд, ки «картошкапарварӣ ва боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки ноҳия ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми истеҳсоли картошка соли 2023  93 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Дар ноҳия имконияти то 200 ҳазор тонна афзоиш додани истеҳсоли картошка мавҷуд буда, бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба ин нишондиҳанда расидан мумкин аст».

Чӣ бояд кард, то аҳолӣ пурра бо картошкаи ватанӣ таъмин шавад?

Тибқи таҳлилҳои олимон, ҳар сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол мекунад, ки он дар як сол қариб 1,3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиëзода 26 ноябри соли 2023 зимни баргузории «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» иброз дошт, ки «Тоҷикистон то соли 2020 1 миллион тонна картошка истеҳсол менамуд. Ин рақам соли 2021 ба 1 миллиону 20 ҳазор тонна расид. Дар соли 2023 истеҳсоли картошка ба 1 миллиону 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз  истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ вобастагӣ дорад. Агар сокинони мамлакат дар заминҳои наздиҳавлигияшон картошка кишт намоянд, оила бо маҳсулоти худӣ таъмин шуда, он захира низ карда мешавад.

Фоидаи картошка ба саломатии инсон

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза мекунад. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалҳои озод мусоидат менамоянд, ки он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир расонида, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.

Картошкаи обпаз барои кам кардани вазн кумак мекунад. Вале истеъмоли зиёди картошкаи бирён вазни инсонро бештар месозад. Зеро дар он миқдори зиёди чарбҳо ва карбогидратҳо мавҷуд аст, ки сабаби афзоиш ёфтани вазни бадан мегарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар

Май 7, 2025 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
HUKUMAT.TJ. Тамоми сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин платформаи рақамӣ гузаронида мешаванд
Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
Ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз баррасӣ шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» 80 фоизи сохтмон ба анҷом расидааст
«Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо «АНТАРЕС» ба Шармушайхи Миср парвозҳои мустақимро оғоз менамояд