Президенти Тоҷикистон: «Барномаҳои давлатии рушди футбол барои оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш ва инфрасохтор заминаи мусоид мебошанд»
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол аз амалишавии васеи барномаҳои давлатии рушди футбол дар солҳои 2012-2016, 2017-2021 ва 2021-2026 ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин барномаҳои давлатӣ барои таҳкими инфрасохтор ва оммавӣ гардонидани футбол дар миқёси кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Сарвари давлат дар идома илова намуданд, ки се барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои кишвар, як барномаи таълимӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, беруназдарсӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз рӯйи намуди футбол қабул ва аз ҷониби масъулину мураббиёни соҳаи варзиши мамлакат амалӣ мегардад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкории самараноки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои футбол дар қаламрави кишвар мунтазам баргузор гардида, ба ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба ин намуди варзиш мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 25 май ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






