Президенти Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад»

Май 30, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд дар аксари ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе.

Ба таъкиди Сарвари давлат, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фаромадани ярч гардида, ба инфрасохтор зарари калон мерасонад.

«Мехоҳам ба таври возеҳ иброз намоям, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст. Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид менамояд»,-иброз доштанд Пешвои миллат.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакати мо барои омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имконияти фаннию техникии мо мисли даҳҳо кишварҳои дигари дорои пиряхҳо маҳдуд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи пиряхҳо мо бояд ҳамкории муассирро бо ҳамаи шарикон густариш диҳем. Дар ин замина Пешвои миллат ҳамчунин навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникиро зарур шумориданд.

АКС аз Дидор Саъдуллоев

Май 30, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон