Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд

Май 19, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Теҳрон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин дар оғози мулоқот паёму дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон расонд.

Масъуд Пизишкиён бо таъкид ба натиҷаҳои судманди сафари худ дар моҳи январи соли 2025  ба Тоҷикистон ва ҳусни меҳмоннавозии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз густариши робитаҳои гуногунҷанба байни ду давлати дӯст изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда байни Сарони ду давлатро дар ин сафар заминаи муносиб барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ номид ва талошҳои ҷониби Тоҷикистонро дар ин самт таъкид намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд