Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намуд

Май 13, 2025 14:57

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятиеро дастгир намуд, ки аз онҳо 16 килограмм воситаҳои нашъадори навъҳои ҳашиш ва афюн дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд.

Тибқи маълумоти фаврӣ, кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни интиқол додани воситаҳои нашъадор шаҳрвандон Саъдӣ Олимов, Азизҷон Арзумурадов ва Суҳроб Юлдашевро дастгир намуданд.

Гумонбаршавандагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба онҳо бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтиши парванда идома дорад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Май 13, 2025 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид