Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов- Рустам Холмуродов бо унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ вобаста ба заминаҳои устувори ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистону Узбекистон ва нақши муассиру созандаи профессор Рустам Холмуродов дар таҳкими ин муносибатҳо сухан гуфт.
Таъкид шуд, ки шахсияти донишманд ва роҳбари ботаҷрибаи таълимӣ ва илмӣ будани профессор Рустам Холмуродов дар рушди равобити дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат саҳми назаррас гузоштааст.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки ин иқдом дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олии ду давлати дӯсту ҳамҷавор – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, ки дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамкорӣ, таърихан устувор ва дар замони муосир рӯ ба густариш нақши калидӣ доранд.
Профессор Рустам Холмуродов изҳор дошт, ки сарфароз гардидан ба унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ӯ, пеш аз ҳама, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои баланди илм, маориф ва таълиму тарбия мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






