Роҳҳои маҳаллии шаҳри Панҷакент мумфарш карда мешаванд

Май 18, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Панҷакент 43,5 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 43,2 километр қумпӯш карда шуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ мумфаршкунии роҳ дар 1300 метр оғоз гардид.

Роҳбарияти ноҳия  зимни оғози  мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ  иброз намуданд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Ин роҳ бо ташаббуси сокинони маҳалла мумфарш карда мешавад.

Дар семоҳаи якуми соли равон дар шаҳри Панҷакент бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ мумфарш кардани 24 километр ва қумпӯш намудани 60 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Май 18, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд