Рушди минбаъдаи долони нақлиётии мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» баррасӣ гардид

Май 19, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди минбаъдаи долони нақлиётии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия–Аврупо» дар меҳвари мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Чин Лю Вэй дар шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар мулоқот иброз гардид, ки истифодаи ин масир барои Тоҷикистон аз ҷиҳати коҳиши масофа ва хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самаранок буда, ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамояд. Долони мазкур як қисми лоиҳаи «Як камарбанд – як роҳ» мебошад.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистону Чин доир ба лоиҳаҳои таҷдиди гузаргоҳи назоратии «Қулма-Қаросу», ки ягона гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Чин мебошад, таҷдиди роҳи автомобилгард аз марзи маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон бо дарозии 235 км ва «Варшез – Кулма» бо дарозии 296 километр дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Қулма», инчунин ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Узбекистон» изҳори назар намуданд.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин масъалаи дар Душанбе таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба хизматрасонии техникии мошинҳои барқӣ ва нобудсозӣ (ё коркарди) батареяҳои онҳоро низ баррасӣ намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зарурати афзоиш додани шумораи рухсатномаҳои мубодилашаванда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бо мақсади мусоидат ба афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин, инчунин тезонидани расмиёти дохилидавлатиро барои имзои лоиҳаҳои Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» ва Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи якҷояи лоиҳаи долони нақлиётии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» таъкид намуд.

Вазири нақлиёти Чин Лю Вэй изҳор дошт, ки ин пешниҳодҳоро дастгирӣ ва ба ҳалли мусбати масъалаҳои муҳокимашуда мусоидат менамояд. Лю Вэй Азим Иброҳимро даъват намуд, ки дар Машварати XII вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз 30 июн то 2 июли соли 2025 таҳти раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Пекин доир мегардад, иштирок намояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд