Сафири Тоҷикистон ба Президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода ба Президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке эътимоднома супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Шри-Ланка расонид.
Пас аз эътимодномасупорӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ, шуғл ва сайёҳии Шри-Ланка Виҷита Ҳерат баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди татбиқи санадҳои имзошуда байни ду давлат ва ба роҳ мондани фаъолияти механизмҳои машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






