Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Бонки исломии Абузабӣ мулоқот намуд

Май 20, 2025 16:28

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи Бонки исломии Абузабӣ Муҳаммад Абдулборӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти тавсеаи ҳамкорӣ байни бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии Абузабиро ба мақсади рушди равобити иқтисодию молиявӣ таъкид намуданд.

Ҳамчунин ҳамсуҳбатон омӯзиши имконоти шарикӣ дар низоми бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ, мутобиқсозии фаъолияти бонкӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба дар самти беҳсозии хизматрасониҳои бонкӣ барои мизоҷон бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, зарфиятсозӣ ва ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳои ҳамдигарро муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Май 20, 2025 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд