Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд

Май 29, 2025 18:10

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо аз раванди рӯ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо ҳастем.

Ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илмиву фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд.

Таъкид гардид, ки дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои байнипарлумонӣ нақши бориз доранд.

Алоқамандии ду кишвар ба тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ таъкид карда шуд.

Дар ин зимн дар доираи созмонҳои мазкур таҷрибаи пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар баланд арзёбӣ гардид.

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф 29.05.2025

Май 29, 2025 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд