Сарвари давлат: «Футбол дар Тоҷикистон рамзи ваҳдат ва ифтихори миллӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуда, тазаккур доданд, ки инҳо натиҷаи самарабахши сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд.
«Нахустин маротиба дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастаи миллии футболи кишварамон дар Ҷоми Осиё – 2023 ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт», — изҳори хушнудӣ намуданд Сарвари давлат.
Ҳамзамон, Пешвои миллат аз дастовардҳои дастаи миллии футзали Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки ин даста дар Чемпионати Осиё то марҳалаи нимниҳоӣ баромада, дар Чемпионати ҷаҳон низ иштирок кард.
Дар идома Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки бо эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш кӯшиши бештар дода мешавад.
«Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик ифтихор дорам ва ҳамаи масъулон, мураббиён, футболбозон ва мухлисонро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик мегӯям», — изҳор намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки футбол дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихори миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омили муҳимми муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз рушду инкишоф меёбад ва мухлисону ҳаводорони ин намуди варзиш аз дастовардҳои нав ба нави футболбозони тоҷик рӯҳбаланду сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 25 май ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






