Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф мулоқот намуд

Май 30, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив  Ҳусейн Муҳаммад Латиф мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Малдив дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки ташрифи ҳайати Малдив ба Душанбе ва иштирок дар кори нахустин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонад воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни ду давлат гардад.

Ҷонибҳо доир ба амалисозии ташаббусҳои бузурги байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, рушди ҳамкорӣ дар  соҳаҳои иқтисоду  тиҷорат,  сармоягузорӣ, фарҳанг  ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Тавре таъкид карда шуд, Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Малдив ҳавасманд мебошад ва дар ин самт аз имконоти мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ташкили сафарҳои доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон  ба Малдив бо мақсади шиносоӣ бо имконоти бахши хусусӣ, тиҷорату сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид ва омодагии ҷониби Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва хушкмеваҳо ба Малдив таъкид карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд