Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Малдив дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки ташрифи ҳайати Малдив ба Душанбе ва иштирок дар кори нахустин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонад воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни ду давлат гардад.
Ҷонибҳо доир ба амалисозии ташаббусҳои бузурги байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Тавре таъкид карда шуд, Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Малдив ҳавасманд мебошад ва дар ин самт аз имконоти мавҷуда самаранок истифода менамояд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ташкили сафарҳои доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ба Малдив бо мақсади шиносоӣ бо имконоти бахши хусусӣ, тиҷорату сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид ва омодагии ҷониби Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва хушкмеваҳо ба Малдив таъкид карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд






