Сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои миёнаи умумии вилояти Хатлон таҳлил карда мешавад

Май 15, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 26 май гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия якчанд муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади таҳлили раванди татбиқи «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» ба вилояти Хатлон равона гардида, вазъи кунунӣ ва сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар ин муассисаҳоро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳад.

Гурӯҳи корӣ истифодаи таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет, фаъолияти синфхонаҳо, истифодаи интернет дар равандҳои таълимӣ ва сатҳи рақамикунонии муҳити таълимиро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Ҳадаф аз санҷиш тақвияти заминаҳои техникию иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи маориф мебошад.

Марказ итминон дорад, ки татбиқи мунтазами барнома ба густариши имконияти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат намуда, шароити омӯзишро дар муассисаҳои таълимии мамлакат беҳтар менамояд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид