Суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол

22.05.2025, Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, Ню-Йорк
Муҳтарам Раиси иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҷаноби Филемон Янг,
Ҳозирини гиромӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Барои ман мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар маросими нахустини таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол — ҷашни умумиҷаҳонӣ, ки дар асоси талошу кӯшишҳои дастаҷамъонаи миллатҳо, бо муҳаббати муштарак ба ин бозии зебо қабул шудааст, ҳузур намоям.
7-уми майи соли 2024 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва пешбарии кишварҳои Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия қатъномаи махсус оид ба эълони «Рӯзи ҷаҳонии футбол» қабул гардид.
Дар асоси ин қатънома 25-уми май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуд.
Бо истифода аз фурсат ба Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Либия барои шарикӣ дар пешбурди ин қатъномаи муҳим ва ҳамаи он кишварҳое, ки ҳаммуаллифи ин қатънома гаштаанд, самимона изҳори сипос менамоям.
Ҳозирини гиромӣ,
Варзиш, бахусус, футбол, на танҳо дар беҳдошти саломатии инсон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми назаррас дорад, балки ҳамчун абзори муҳим дар таҳкими сулҳ ва робитаҳои байналмилалӣ нақши бориз дошта, ба ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидсозии ҷомеаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат менамояд.
Дар воқеъ, Футбол чизе бештар аз варзиш аст, он забони умумиҷаҳонист, ки дар ҳар деҳа, шаҳр ва кишвар бо он сухан мегӯянд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон беш аз чор миллиард нафар ҳаводори бозии футбол мебошад ва аз он пайгирӣ мекунад.
Бар асоси омори ФИФА, шумораи онҳое, ки дар ҷаҳон фаъолона ба бозии футбол машғуланд, беш аз 265 миллион марду занро ташкил медиҳад.
Ин ҳолат далели он аст, ки футбол то кунун дар ҷаҳон ҳамчун машҳуртарин намуди варзиш шинохта шудааст.
Ҳозирини гиромӣ,
Варзиш дар воқеъ ба ҳайси забони умумиҷаҳонӣ тавони ба ҳам овардани одамони гуногунро дорад.
Моҳияти аслии футбол қобилияти убури сарҳадҳо, бартараф кардани ихтилофҳо ва таҳкими сулҳу суботи фарогир тавассути ҳавасмандӣ ва ҳадафҳои муштаракро таҷассум менамояд.
Воқеан, арзишҳои меҳварии футбол ҳамчун бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъӣ, эҳтиром ва суботкорӣ ҳамсон бо усулҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.
Футбол сулҳу созишро тарғиб намуда, заминаи тавонмандсозии ҷавононро фароҳам меоварад ва ҳамчун муҳаррики тавонои баробарии гендерӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Ин намуди варзиш монеаҳоро шикаста, барои муколама ва ҳамкорӣ фазои амн эҷод менамояд.
Ҳозирини гиромӣ,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, рушди футболи миллӣ ва варзишро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад.
Бо дарназардошти аҳаммияти варзиш, бахусус футболи миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди варзиш ва футболи касбӣ, ҳамчунин, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар доираи сиёсати давлатии худ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
Федератсияи Футболи Тоҷикистон, бо дарназардошти аҳаммияти футболи миллӣ барои рушди ҷавонон ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҷиҳати оммавӣ гардонидани футбол миёни кӯдакону наврасон ва занону мардон иқдомоти муҳими худро амалӣ менамояд.
Аз ҷумла, Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026, ки бо мақсади густариши футболи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисон таҳия ва амалӣ гардидааст, заминаи устувор барои рушди минбаъдаи футболи тоҷик, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани рақобатпазирии дастаҳои миллӣ, инчунин таҳкими инфрасохторҳои варзиширо фароҳам меорад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ФИФА, дар доираи барномаи “FIFA Forward” садҳо майдону марказҳои таълимии варзиширо бунёд ва таҷдид намуда, барои рушди касбии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи футболи миллӣ шароити заруриро муҳайё кардааст.
Ҳамзамон, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар раванди татбиқи ташаббуси ҷаҳонии “FIFA Talent Development Scheme” ба таври фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати омодасозии бозингарони ҷавони боистеъдод барои ҳамроҳшавӣ ба дастаҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ФИФА, дар симои дўстам Ҷанни Инфантино, барои ҳамкорӣ ва дастгирии футболи тоҷик изҳори миннатдорӣ намоям.
Қобили зикр аст, ки амалисозии босамари барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин, рушди ҳамаҷонибаи футбол дар кишвар, боис гардид, ки дастаи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтаринҳо дар минтақаи Осиё эътироф карда шавад.
Боиси қаноатмандист, ки дастаҳои футболи миллии мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рушд менамоянд.
Муваффақияти ба наздикӣ ба даст овардаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 17-сола роҳ ёфтанд, миллионҳо писарону духтарони ҷавонро дар кишвари мо рӯҳбаланд кард.
Иштироки тими миллии мо дар Ҷоми Осиё ва густариши барномаҳои оммавӣ дар саросари кишвар нишони возеҳи рушди фарҳанги футбол дар Тоҷикистон мебошад.
Футбол дар Тоҷикистон, фаротар аз ҷоизаҳо ва мусобиқаҳо, баробар ба арзишҳое чун эҳтиром, устуворӣ, ҳамгироӣ ва сулҳ аст.
Мо барои бунёди фарҳанги футболе талош мекунем, ки дар он писарону духтарон имкони баробари иштирок доранд.
Дустони гиромӣ,
Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳар яки моро водор месозад, то аз шодие, ки ин намуди варзиш ба ҳаёти мо меоварад, истиқбол карда, нақши онро дар пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид эътироф намоем.
Моро зарур аст, то кафолат диҳем, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ дорад, имкони бозӣ карданро дошта бошад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар ин самт бо ФИФА, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми кишварҳои дӯстдори футбол ҳамкорӣ намояд, то ки ин намуди варзиш беш аз пеш фарогир, дастрас ва илҳомбахш бошад.
Биёед, аз ин нерӯи бузург баҳри таҳкими сулҳ, ваҳдати ҷаҳонӣ ва рушди устувор истифода барем.
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад!
Ташаккур барои диққататон!