Сулаймон Зиёзода: «Тоҷикистон аввалин давлатест, ки дар Осиёи Марказӣ феҳристи хатари иқлимиро барои кӯдакон амалӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Хвар»/. Тоҷикистон кайҳо боз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлимро ба ҷомеаҳои осебпазир, бахусус кӯдакон эътироф намудааст. Бо ин мақсад мо моҳи майи соли 2024 Эъломия оид ба фаъолияти кӯдакон, ҷавонон ва иқлимро имзо кардем. Тоҷикистон давлати сеюм дар Осиёи Марказӣ ва яке аз 40 давлати ҷаҳон мебошад, ки ин уҳдадориҳои таърихиро ҷонибдорӣ намудааст. Чунин иброз намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода имрӯз зимни баргузории Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ), ки дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон изҳор дошт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 14 декабри соли 2022 қабул шуда, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, баргузор карда мешавад. Ин ташаббуси муҳим уҳдадории моро ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли таъсири обшавии босуръати пиряхҳо ба захираҳои об, ки ба кӯдакон ва ҷавонони тамоми ҷаҳон таъсири бештар мерасонад, таъкид менамояд.
«Мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон аввалин давлате дар Осиёи Марказӣ аст, ки Феҳристи хатари иқлимӣ барои кӯдакон — модели хатари офатҳоро амалӣ менамояд. Он маълумоти муҳимро дар бораи хатарҳои мушаххасе, ки кӯдакони мо дар иқлими тағйирёбанда дучор меоянд, таъмин мекунад ва бобати қабули қарорҳои ҳассос барои кӯдакон ҷиҳати омодагӣ ба ҳолати фавқулода, вокуниш ва чораҳои мутобиқшавӣ метавонад истифода шавад», -иброз дошт муовини Сарвазири мамлакат.
Изҳор гардид, ки ҷавонон на танҳо ворисони фардо, балки шарикони фаъоли имрӯз ҳастанд, ки неру, тафаккури навоварона ва хоҳиши воқеии тағйирот доранд.
Форуми имрӯзаи кӯдакону ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо барои ҷавонон минбари муҳими баррасии масъалаи муҳимтарини ҳифзи пиряхҳо мегардад. Он ба ҷавонони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо имкон медиҳад, ки идеяҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ оид ба ҳифзи захираҳои пиряхҳои муҳими моро мубодила намоянд.
«Инчунин бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷавонон ба лоиҳаҳои марбут ба ҷангалсозӣ, ҳифзи об ва ҳифзи гуногунии биологӣ машғул шудаанд. Мо ба наздикӣ як барномаи панҷсолаи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро оғоз хоҳем кард, ки саводнокии экологӣ ва идоракунии масъулиятшиносиро дар байни кӯдакону ҷавонон тарбия мекунад», -таъкид намуд Сулаймон Зиёзода.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ афзуд, ки пешниҳоди муштараки лоиҳавӣ байни ЮНИСЕФ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зистро барои пешниҳод ба Хазинаи Иқлими Сабз таҳия менамоем. Ҳадафи ин пешниҳод баланд бардоштани устувории иқлими муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тавассути таҷдиди энергияи каммасраф дар мактабҳо, таъмини инфрасохтори иқлими Об, беҳдошт ва санитария ва насби технологияҳои муосири гармидиҳӣ, ки тавассути ҳамгироии энергияи Офтоб дастгирӣ мешавад, хоҳад буд. Мо бо ЮНИСЕФ ҳамкорӣ менамоем, то маълумот оид ба тағйирёбии иқлим барои ҳамаи кӯдакон дастрас бошад ва муҳити омӯзишӣ аз ҷиҳати иқлим оқилона ва бехатар бошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд






