«СУРУДИ ПИРЯХ». Дар «Боғи Ирам» бахшида ба мушкилоти обшавии пиряхҳо намоишгоҳ доир мешавад

Май 28, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) намоишгоҳи «Суруди пирях» бахшида ба мушкилоти обшавии пиряхҳо ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иттилоъ медиҳад.

Намоишгоҳ тафсири бадеии маълумоти илмӣ дар бораи пиряхҳоро фаро мегирад. «Суруди пирях» унвон гирифтани намоишгоҳ ба суннати фарҳангии ниёгони кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ ишора ва робитаи ногусастании табиат ва инсонро таъкид менамояд.

Намоишгоҳ хусусияти интерактивӣ дошта, унсурҳои мултимедиявӣ ва муосири бадеиро дар бар мегирад. Он дар атрофи се хати асосӣ сохта шудааст: аз минтақаҳо ба кишварҳо, аз кишварҳо ба маҳалҳо ва аз маҳалҳо ба одамон. Намоишгоҳ рамзи хотираҳои гуногуни пиряхҳо – ҳаҷми азим (садои шамол, садо, садои вақт, осори фалокатҳо, тағйирот дар сайёра ва давраҳои иқлим)-ро инъикос менамояд.

Ҳамин тариқ, талафи пиряхҳо ҳамчун гум шудани дониш дар бораи ҷаҳон, табиат ва сайёра қабул карда мешавад. Пирях гузаштаро нигоҳ медорад ва бо нест шудани он мо донишро дар бораи сайёраи худ аз даст медиҳем. Аз нуқтаи назари паёми асосӣ намоишгоҳ на ба даҳшати обшавии пиряхҳо, балки бештар ба равандҳои мусбате, ки ҷомеа метавонад бо он ба коҳиш додани фалокатҳои экологӣ мусоидат кунад, тамаркуз менамояд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ таъсири мусбат расонидан ба муносибати мардум ба мушкилоти нестшавии пиряхҳо, дарёфти дастгирии иҷтимоӣ ва ҷалби онҳо тавассути бознигарии достони хотираи кишварҳо, маконҳо ва шахсони алоҳида дар байни ҷавонон мебошад. Равандҳои амалкунандаи илмӣ, ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи обшавии пиряхҳо ва амалҳои инсон мусоидат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Май 28, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон