Таҳти унвони «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид

Май 21, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон 21 май дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки конфронси сатҳи баланд бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории назди Донишгоҳ гузаронида  шуд.

Баррасии дурнамо ва имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин мутобиқсозии низоми таълим ва таҳқиқоти илмӣ ба талаботи бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҳадафҳои асосии конфронси  байналалмилалии «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ»  арзёбӣ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки соҳаи сайёҳӣ дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шуда, барои муаррифии фарҳангу табиати нотакрори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.

Конфронс дар шакли маҷлиси умумӣ ва ҷаласаҳои мавзуӣ доир шуда, масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, эко- ва агротуризм, рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва дигар мавзуъҳои муҳимро дар бар гирифт.

Дар анҷом иштирокчиён зарурати тақвияти робитаҳои илмӣ, амалӣ ва иқтисодиро дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намуда, барои рушди бозори сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо низоми ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳоду тавсияҳои мушаххас манзур намуданд.   

    АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 21, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ