Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид

Май 22, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории гумрукӣ  байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва     Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Вазир, Котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумруки Чин хонум Сун Мэйҷун дар Алмато баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқоти ҳайатҳои мақомоти гумруки  Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи  ҷаласаи дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Дар  мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба  ҳалли мушкилот вобаста ба нокифоя будани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми интиқоли байнисарҳадии молҳо, такмили механизмҳои рақамисозии ҳамкорӣ  байни мақомоти гумрук, амалӣ намудани воситаҳои ҳамаҷонибаи арзёбии хавфҳо ва низоми мубодилаи маълумоти пешакиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи фарқияти омори гумрукӣ байни кишварҳо зоҳир гардид. Дар натиҷаи муҳокима тарафҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки барои бартараф намудани  ин масъала таъсиси механизми самараноки ҳалли мушкилоти фарқият дар маълумоти омори гумрукӣ тавассути таъйин намудани шахсони тамоси масъул ва ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамоҳангсозии омори гумрукӣ зарур мебошад.

Мулоқот дар фазои муколамаи созанда ва эҳтироми мутақобил доир гардида, тарафҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ,  ки ба пешбурди тиҷорат ва таъмини амнияти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ равона шудаанд, изҳори омодагӣ намуданд.

    АКС: Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд