Тақвияти робитаҳои илмӣ байни Чин ва Тоҷикистон баррасӣ гардид

Май 30, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ва ҳайати баландпояи илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, ноиб-президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар мулоқот  густариши ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, табодули таҷриба ва тақвияти робитаҳои илмӣ байни Чин ва Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба самтҳои гуногуни ҳаёти чамъиятии ду ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули коршиносон, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, омодасозии нашрияҳои илмӣ — таҳлилӣ, инчунин рушди робитаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ барои таъмини пурраи ҳамкорӣ нақши марказҳои таҳқиқотиро дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои Тоҷикистон ва  Чин таъкид намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд