Тақвияти робитаҳои илмӣ байни Чин ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ва ҳайати баландпояи илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, ноиб-президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, табодули таҷриба ва тақвияти робитаҳои илмӣ байни Чин ва Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба самтҳои гуногуни ҳаёти чамъиятии ду ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули коршиносон, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, омодасозии нашрияҳои илмӣ — таҳлилӣ, инчунин рушди робитаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ барои таъмини пурраи ҳамкорӣ нақши марказҳои таҳқиқотиро дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои Тоҷикистон ва Чин таъкид намуданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






