Тавсеаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо «Numisma Bank»-и Амрико баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масоили ҳамкорӣ дар бахши интиқоли самаранок ва бехатари асъори нақд, алалхусус доллари амрикоӣ ва евро дар мулоқоти кории Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати муассисаи молиявии Амрико — «Numisma Bank» таҳти роҳбарии директори иҷроияи он Вивек Тяги дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот аз ҷониби директори иҷроияи «Numisma Bank» доир ба фаъолият ва хизматрасонӣ, аз ҷумла имконоти логистикии ин муассисаи молиявӣ дар шакли рӯнамо маълумот пешниҳод гардид.
Иброз гардид, ки ҳамкорӣ бо чунин муассисаҳои махсуси молиявӣ метавонад ба самаранокии бештари муомилоти асъорӣ мусоидат намояд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокироти муфассал дар сатҳи коршиносон идома ёфта, имконоти тавсеаи ҳамкории судманд баррасӣ гардад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






