Тоҷикистон аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо кадом натиҷаҳоро интизор аст?

Май 20, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29-31 май дар Душанбе барномаи ҷаҳонии пиряхҳоро барои баланд бардоштани сатҳ ва аҳамияти пиряхҳо, инчунин криосфера васеътар ба роҳ монад. Дар ин хусус имрӯз, 20 май зимни брифинг дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба андешаи намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, давлат интизори ҷалби захираҳо барои ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла саҳмияҳо ба Фонди байналмилалии трастӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, пурзӯр намудани татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034) мебошад.

Инчунин натиҷаҳои баргузории ин чорабинии муҳим барои пешниҳоди роҳнамоии стратегӣ барои COP 30, дигар вохӯриҳо ва чорабиниҳои глобалии дарпешистода ва таҳкими робитаҳо ба рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ, муҳити зист, уқёнусҳо, об ва иқлим мусоидат менамоянд.

Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 12 декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

Май 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид