Тоҷикистон барои қабули раисии Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуд

Май 29, 2025 09:08

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021–2030», ҳамчунин ҳамкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муаррифӣ намуда, барои рушди он саъю талош менамояд.

Дар доираи ҷаласа ҷониби Тоҷикистон барои ба уҳда гирифтани раисии Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ аз 1 июли соли 2025 изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид