Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкорӣ дар ҳифзи пиряхҳо даъват менамояд

Май 20, 2025 15:25

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори муҳими иқдоми ҷаҳонии экологӣ аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват менамояд, ки 29-31 май дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе фаъолона саҳм гузоранд. Дар ин хусус 20 май зимни брифинге, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид, ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Конфронс барои шарикон заминаи арзишманде фароҳам меорад, то саҳми худро дар ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба пиряхҳо дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Интизор меравад, ки маърузаҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ҳадафҳои COP-30, ки ба таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба пиряхҳо, маблағгузорӣ ва дастгирӣ, сиёсатҳо ва нақшаҳои амал дар ин соҳаҳо ва «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера 2025-2034» нигаронида шудаанд, мусоидат менамоянд.

Аз маърузачиён даъват карда мешавад, ки ба таври ихтиёрӣ уҳдадорӣ ё изҳоротро оид ба дастгирии ташаббусҳои марбут ба пиряхҳо, аз ҷумла саҳмҳо ба фонди боварибахши Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ҷониби Дабири кул барои дастгирии кӯшишҳои ҳифзи пиряхҳо ҳамоҳанг карда мешаванд, пешниҳод намоянд.

Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 12 декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2025 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид