«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар иқдоми либоси миллӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ»Ховар»/. Занону духтарони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» иштирок намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ, ки дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Алишери Навоӣ» баргузор гардид, занону духтарони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок карданд.
Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикӣ, хусусан эҳёи либоси миллӣ — атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва коҳиши майли бегонапарастӣ аз ҳадафҳои асосии иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» мебошад.
Дар доираи он занону духтарон дар тамоми корхонаю муассисаҳо ба муддати се моҳ либоси миллӣ ба бар менамоянд.
Дар мақомоти гумрук низ тибқи ин ташаббус аз 1 март то 31 май ҳамаи занону духтарон либоси миллии тоҷикӣ ба бар менамоянд, ки ин иқдом ифодакунандаи эҳтиром ба ҳувияти миллӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон мебошад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






