Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва хатарҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи созанда ва ҳамкории густурда тақозо менамоянд. Бино бар ин, дар суханронӣ зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ барои ҳифзи сулҳу субот таъкид гардид.
Дар идомаи суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ва мавқеи мамлакатро доир ба ҳалли буҳрони Фаластин, қазияи Афғонистон ва мушкилоти дигари минтақа ва ҷаҳон баён намуд.
Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ ҷомеаи ҷаҳониро барои иштироки фаъолона дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






