Вазирон ва олимон дар Душанбе масоили обшавии пиряхҳо ва амнияти минтақавиро дар соҳаи об баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Форуми «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории обу иқлим дар ҳавзаҳои аз пиряхҳо вобастаи Осиёи Марказӣ» имрӯз вазирону олимон, шарикони рушд ва вазирони давлатҳои Осиёи Марказиро дар Душанбе ҷамъ овард, то яке аз масъалаҳои мубрами минтақа – таъмини устувории захираҳои об ва устувории иқлимро дар ҳавзаҳои пиряхҳо баррасӣ намоянд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар Форуми «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории обу иқлим дар ҳавзаҳои аз пиряхҳо вобастаи Осиёи Марказӣ», ки дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд, нақши муҳими пиряхҳо дар нигоҳдории амнияти ғизоӣ, об, амнияти энергетикӣ ва экосистемаҳо, ҳамчунин таҳдидҳои обшавии босуръати онҳо махсус таъкид карда шуд.
Дар шароите, ки дарёҳое, чун Амударё ва Сирдарё марзҳои давлатиро убур менамоянд, ҳамкории минтақавӣ зарур гардидааст. Лаҳзаи калидӣ дар форум ифтитоҳи ташаббуси (Blue Peace Central Asia 2.0) ва инчунин пешбурди «Консепсияи об-энергия-озуқаворӣ-экосистемаҳо» (WEFE Nexus) ҳамчун заминаи муассир барои идоракунии фаромарзӣ, ҳамкории илмӣ ва маблағгузории инноватсионӣ буд. Муколама марҳилаи муҳим дар роҳи ҳалли маҷмуӣ барои дурнамои амнияти иқлим барои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?






