Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид

Май 4, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Иброз гардид, ки Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокорона дар роҳи пешрафти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни давлатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Шоир маҳбуби тоҷик  дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт.

Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Маҳз хизматҳои шоиставу арзишманди Мирзо Турсунзодаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 90 — солагии устод Мирзо Турсунзода (соли 2001) бо камоли эҳтиром ва сипосгузорӣ ба фармоне имзо гузошта, ин фарзанди фарзонаи миллатро бо баландтарин унвони давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардониданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард».

Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқ буда, шеъру достонҳои ӯ фарогири ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ мебошанд. Дар эҷодиёти шоир мавзуи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад.

«Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд»,-таъкид гардид  дар конфронс.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 22 августи соли 1973 ҳамчун Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 марти соли 1978 ба он номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

Дар донишкада нимпайкараи устод Мирзо Турсунзода гузошта шуда, майдону гулгаштҳои назди он дар соли равон навсозӣ гардиданд. Инчунин, ба хотири тақвият бахшидани хотироти зеҳнии донишҷўён ва гиромидошти ёду осори устод Мирзо Турсунзода дар донишкада маҳфили «Турсунзодахонӣ» пайваста баргузор мегардад.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Май 4, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад