Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд

Май 6, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба таҳияи омори расмӣ дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани осебпазирӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба муқобили тағйироти иқлим тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Агентии омор барои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 «Дар бораи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бобати таҳияи омори расмӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим корҳоро пеш  мебарад.

Иттилоъ дода шуд, ки Агентии омор ба вазорату идораҳо барои таҳкими ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, баланд бардоштани савияи дониш ва қобилияти зеҳнии кормандон, инчунин таъсиси инфрасохтори устувори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ маълумоти оморӣ пешниҳод менамояд.

Дар ҷаласа таҳияи омори расмӣ барои қабули қарор дар бораи тағйирёбии иқлим, банақшагирии ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумот, муайян намудани нишондиҳандаҳои ченкунии иқтидори миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он баррасӣ шуданд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд