Вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид

Май 3, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи 2030» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Ҳадафи баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии кормандон, амалӣ намудани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гардида, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста менамояд.

Дар ҷаҳони имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро бигиранд.

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар фарди ҷомеа метавонад садди роҳи коррупсия гардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 3, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд