Вобаста ба устувории молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Май 31, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби маблағҳои устувор барои амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо на танҳо ба муҳофизати ин манбаи муҳими об мусоидат мекунад, балки он воситаи муассири баланд бардоштани устувории иқтисодиёт тавассути идоракунии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ мебошад. Ин матлабро муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ 29 май зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Кушодани ҷараёнҳои устувори молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон» баён намуд.

Ҳамоиш дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар он  намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳа доир ба устувории молиявӣ дар ҳифзи пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд.

Ҳадафи ҳамоиш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба нақши ҳаётии пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими об, таҳлили хатари обшавии босуръати онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори иқтисодӣ буд.

Дар ҷараёни ҳамоиш харитаи роҳ оид ба ҷалби сармояи хусусӣ тавассути барориши вомбаргҳои сабзи давлатӣ муаррифӣ гардид. Ҳамзамон муҳокимаҳои панелӣ оид ба нақши ҳукумат, ниҳодҳои танзимкунанда ва бахши хусусӣ дар таҳкими устувории иқтисодӣ тавассути ҷалби маблағгузорӣ барои тадбирҳои пешгирӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо доир шуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад