«ЗАМИН», «МАРЗ» ВА «ВАТАН» — УНСУРҲОИ МУҚАДДАС ВА ҲАЁТАН МУҲИМ. Ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 28 май дар мамлакат Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар шудааст. Дар ин робита АМИТ «Ховар» иқтобосҳоро аз суханронии Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мулоқот бо генералҳо, афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди рӯзи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ аз 28 майи соли 2024 пешниҳод менамояд.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «ҷойи ифтихор аст, ки барои тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим мафҳумҳои «замин», «марз» ва «Ватан» аз ҷумлаи унсурҳои муқаддас ва ҳаётан муҳим будааст. Марздориву марзбонӣ барои тоҷикон ба ҳадде азизу пурарзиш будааст, ки ҳатто фарзандони худро бо ифтихор Марздору Марзбон ном мегузоштаанд. Масалан, насабномаи пешвои мазҳаби аҷдодии мо Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки номи бобокалони ӯ Марзбон будааст. Ин ном на танҳо гувоҳи тоҷик будани Имом Абӯҳанифа ибни Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон мебошад, балки баёнгари то чӣ андоза арзишманд будани ин мафҳум дар миёни тоҷикон аст, ки гузаштагони пири мазҳаби мо ҳанӯз дар асри ҳафтум номи фарзанди худро Марзбон гузоштаанд».
«Мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ иброз намоям, ки дар тӯли сӣ соли сипаришуда марзбонони мо қарзи фарзандии худро дар ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан – Модар ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо шуҷоату далерӣ иҷро намуданд ва ин рисолати хешро ҷавонмардона идома дода истодаанд»,- тазаккур доданд Сарвари давлат дар идомаи ин суханронӣ.
Президенти мамлакат аз фарзандони қаҳрамону ҷонфидои халқи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар, ки дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуданд ва таъкид намуданд, ки «яъне ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст».
«Чунонки борҳо изҳор доштаам, мо Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии худро дар давраи ниҳоят ҳассосу мураккаби таърихи кишвар, бидуни таҳкурсиву шароити одитарину зарурии моддиву техникӣ, яъне амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем.Яъне дар он айём мо на афсар доштем, на шароит барои ҷой кардани хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон ва на силоҳи ҷангиву техникаи ҳарбӣ»,-ёдовар шуданд Роҳбари давлат.
Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, ки «мо маҷбур будем, ки ин мушкилотро дар муддати бисёр кӯтоҳ бартараф намоем.Дар он солҳои ноорому фоҷиабор ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои навтаъсиси сарҳадӣ зарур буд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимояи осудагиву оромии давлат ва ҳифзи марзҳои тӯлонии кишварро таъмин намоянд».
«Қӯшунҳои сарҳадии мо аз аввали рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз ҳамчун сохтори муназзаму муҷаҳҳаз дар хатти пеши муқовимату мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ қарор доранд. Мо имрӯз бо ифтихор иброз менамоем, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба неруи тавонои ҳифзи марзҳои Ватан табдил ёфтаанд»,-изҳори қаноатмандӣ намуданд Пешвои миллат.
«Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳар як хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ садоқати худро ба Ватан – Модар бо хизмати шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат собит менамояд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон/АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






