«ЗАНОН ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Иштироки фаъолонаи занон дар идораи захираҳои обӣ ва устувории экологӣ муҳим аст

Май 29, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории чунин форумҳо бо иштироки занон на танҳо имконият барои мубодилаи дониш ва таҷрибаҳои беҳтарин, балки васила барои бунёди шаклҳои нави ҳамкорӣ, ҳимоятгарӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки солҳои оянда хеле муҳим хоҳад буд. Чунин иброз гардид имрӯз дар Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷимҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд.

Инчунин Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро  Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зимма дорад, расман оғоз ёфт.

Иброз гардид, ки раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025 на танҳо рисолати рамзӣ, балки имконияти стратегӣ барои пешбурди фаъолонаи афзалият, аз ҷумла таъмини баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон, ҳифзи муҳити зист, инчунин таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа мебошад.

Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 ва бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин чорабинии сатҳи баланд низ дар доираи ташаббусҳои созандаи Сарвари давлати тоҷикон баргузор гардид, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои обу иқлим мебошад.

«Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо минбаъд ҳамасола ба мо ёдрас менамояд, ки бояд табиатро эҳтиёт кунем ва бо тағйирёбии иқлим мубориза барем. Инчунин баргузории чунин форумҳо ба мо кумак мерасонад, ки аҳамияти пиряхҳоро беҳтар дарк намоем. Барои ин ҳар яки мо, хусусан занон, бояд ба кӯдакону наврасон тарзи дурусти муносибат бо табиатро омӯзонем ва ба ҷомеа аҳамияти бузург доштани ҳифзи табиатро фаҳмонем»,-баён дошт Дилрабо Мансурӣ.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода  иброз дошт, ки ин форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.

«Дар доираи ин форум ва муколама мо кӯшиш мекунем иштироки фаъолонаи роҳбарии занонро дар идораи захираҳои обӣ, ташаббусҳои иқлимӣ ва масъалаҳои устувории экологӣ дастгирӣ ва васеъ намоем.  Ҳамчунин платформае барои ҳамкории занон дар соҳаи омӯзиши оқибатҳои обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист ва пешбурди принсипҳои рушди устувор, ки ба мубодилаи дониш ва тақвияти шарикӣ равона шудааст, таъсис медиҳем»,-иброз дошт Бунафша Файзиддинзода.

Директори бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Осиёии рушд Ясмин Сиддиқӣ иброз дошт, ки мо ҳамеша ташаббусҳои Тоҷикистонро дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоем. Зеро масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обу иқлим дар ҷаҳон яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад ва моро намегузорад, ки дар ин самт бетараф бошем.

«Занон омили калидии тағйирот дар самти иқлим ва муҳити зист мебошанд. Аз ин рӯ мо, занон уҳдадор ҳастем, ки баробарии гендериро оид ба тағйирёбии иқлим тарғиб намоем, зеро медонем, ки ҳалли мушкилот он вақт муассиртар, одилонатар ва пойдортар аст, ки занон дар раванди қабули қарорҳо фаъолона иштирок намоянд. Иштироки мо дар ин самт бениҳоят муҳим аст»,-мегӯяд Ясмин Сиддиқӣ.

Зимни форум иштирокчиён мавзуъҳои «Нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», «Ташаббусҳои созандаи занон дар ҳифзи пиряхҳо»-ро баррасӣ намуда, ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон ибрози андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Зарангаки ноҳияи Рашт шинос шуд
Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚА. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ҳалли он беназир аст
Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон 5254 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид
Дар ноҳияи Айнӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид