35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст

Июнь 8, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 08.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта ба истифода мешавад. Ин иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои масъулин, ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корезӣ, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён дорад.

Дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 36 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Ҳоло аз ҷониби 725 мутахассису коргар ҳамарӯза сохтмон аз рӯи лоиҳа пеш бурда мешавад. 72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.

Бунёди иншооти калони варзишӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи бозиҳои бомуваффақи ҷавонони тоҷик барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва минтақа заминаи воқеӣ мегузорад.

Ёдовар мешавмем, ки 3 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид