Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашт
ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, соҳиби сертификати Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавсия додааст, ки фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкории илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият диҳад.
Директори генералии IAAR Алина Жумагулова иброз доштааст, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Ин дастоварди муҳими академия имкониятҳои навро дар ҷалби шарикони хориҷӣ ва тавлиди лоиҳаҳои нави илмӣ боз намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ боло мебарад.
Ёдовар мешавем, ки IAAR аъзои Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) буда, дар Феҳристи Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст, ки эътирофи байналмилалии стандартҳои онро тасдиқ мекунад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






