Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ бо оростани дастархони идона баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, шаҳрвандони тоҷики муқими Кувайт, донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои ин кишвар ва меҳмонони дигар иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарми ватандӯстӣ, рӯҳияи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, тавассути телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи Давлати Кувайт васеъ инъикос ёфт.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода зимни суханронӣ нақши сарнавиштсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди устувори кишвар таъкид намуда, иброз дошт, ки маҳз бо талошҳои пайгирона ва раҳнамоии оқилонаи Пешвои миллат, мардуми тоҷик бар гирди ормонҳои ягона сарҷамъ гардида, ҷанги шаҳрвандиро паси сар карданд ва Тоҷикистони харобгаштаро ба як мулки орому пешрафта мубаддал сохтанд.


Дар идома таъкид карда шуд, ки самараи заҳматҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз ҷавонони тоҷик имкони таҳсилу таҳқиқ ва кор дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳониро доранд ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намояндагони сазовори миллату Ватан фаъолият менамоянд.
Қобили тазаккур аст, ки ба муносибати ин рӯзи фархунда мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода таҳти унвони “Нақш ва мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ваҳдати миллӣ” бо забонҳои арабӣ ва англисӣ дар рӯзномаҳои маъруфи Давлати Кувайт, аз ҷумла “Ас-Сабоҳ”, “Ал-Ҷарида”, “Ас-Сиёсат”, “Q8-Press” ва дигар манбаъҳо нашр гардид.
Ҳамчунин мақолаи дигари сафир бо номи “Ваҳдати миллӣ – зербинои рушду осоиштагӣ” аз ҷониби АМИТ “Ховар” ба табъ расонида шуд, ки он инъикоси амиқи мавқеи Тоҷикистон дар роҳи таҳкими ваҳдату суботи миллӣ мебошад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт










Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






