Барои масъулини бахши молиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар шаҳри Душанбе барои масъулини бахши молиявии сохторҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Рақамикунонии баҳисобгирии молиявӣ – ҳамчун асоси пешрафти устувор ва идоракунии муосир» машварати омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба низом даровардани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, инкишофи равандҳои муосир дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани бахши молиявии сохторҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир бе рақамикунонӣ рушди давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рақамикунонии соҳа шаффофиятро афзоиш дода, ҳолатҳои коррупсиониро пешгирӣ менамояд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми молиявӣ ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ дар иқтисодиёт мусоидат менамояд».
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба ин раванд вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.
АКС: Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






