Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт

Июнь 25, 2025 10:06

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюмро баргузор кард, хабар доданд ба  АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.

24 июн тими олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон рақобат кард. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, мусовии бидуни гол – 0:0 анҷом ёфт.

Қаблан дар бозии дӯстонаи якум мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.

«Ин вохӯриҳои муфид барои санҷиши бачаҳо буданд. Пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, якҷоя бозӣ кардан муҳим аст. Дар бозиҳои дӯстона мо лаҳзаҳои хуб доштем, аммо бояд сари хатоҳои худ кор кунем», – гуфт Леван Хомерики, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад