Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Июнь 11, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардида, иброз шуд, ки Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки: «майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам».

Иброз шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба хиради азалии мардуми тоҷик ва тоҷикистониён такя намуда, дар таъмини Ваҳдати миллӣ комёб гарданд.

«Ҳамаи мо имрӯз аз соҳибистиқлолии давлати худ ва Ваҳдати миллии дар он ҳукмрон шукрона мекунем. Ин пеш аз ҳама, шукрона аз шахсиятест, ки барои таъмини соҳибистиқлолию Ваҳдати миллӣ талошҳои беназир кардаанд»,-баён дошт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода.

Таъкид гардид, ки таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад