Дар ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ масъалаҳои муҳими стратегӣ баррасӣ гардид

Июнь 14, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 12 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)  баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои иҷроия —  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ифтитоҳ ва ҷамъбаст намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  хабар доданд, зимни ҷаласаи Шурои иҷроия масъалаҳои муҳими стратегӣ, барномавӣ ва назоратӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ҳисоботи солонаи мудири иҷроия  барои соли 2024, лоиҳаи Нақшаи стратегӣ барои солҳои 2026–2029, гузоришҳо оид ба амалиёти башардӯстона, Нақшаи амал оид ба гендер ҳисоботи воҳидҳои мустақили назоратӣ ва идоракунии хавфҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин мавзӯи тамдиди муҳлати барномаҳои кишварӣ, натиҷаҳои маблағҷалбкунии хусусӣ ва пешрафт дар ислоҳоти низоми рушди СММ низ баррасӣ гардиданд.

Раиси Шурои иҷроия Ҷонибек Ҳикмат аз иштироки фаъолонаи кишварҳои узв изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Шурои иҷроия минбари ҳамбастагии ҷаҳонӣ барои пешбурди ҳуқуқи кӯдакон боқӣ мемонад.

Ҷонибек Ҳикмат зарурати иқдомҳои дастаҷамъонаро дар шароити печидаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, ба роҳбарият ва кормандони ЮНИСЕФ барои садоқат ва фаъолияти пурсамарашон изҳори миннатдорӣ намуд.

АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Июнь 14, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд