Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сеюми роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аз Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои табодули иттилоот, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллидошта ибрози назар намуданд.
Иброз гардид, ки ин ҷаласа ба пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ бахшида, дар пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






