Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи: «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар конфронс Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба нақш ва мавқеи мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар таъсис ва ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай ибрози андеша намуд.
Иштирокдорони конфронс паёми видеоии Раиси Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев, намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавиро шуниданд.
Тавре дар Конфронс таъкид гардид, ҳадафҳои стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор меравад, инчунин кишварҳои аъзои Созмон ҳамдигарро мукаммал намуда, дар таҳкими субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи фарох дар қитъаи Авруосиё саҳми арзанда мегузоранд.
Конфронс як платформаи муҳими коршиносӣ ва дипломатӣ барои муҳокимаи нақши Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳвари стратегии СҲШ, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор гардид.
Дар назди иштирокдорони конфронс бо барномаи фарҳангӣ лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ ва сарояндаҳои ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҳунарнамоӣ карданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон ва Туркманистон иштирок доштанд.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






