Дар Душанбе масъалаҳои вобаста ба вохӯрии вазирони корҳои хориҷии формати «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатии Ҳиндустон оид ба корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва тағирёбии иқлим Кирти Вардхан Сингҳ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, дурнамои минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вохӯрии дар пешистодаи вазирони корҳои хориҷии формати «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон», ки 5-6 июни соли 2025 дар Деҳлӣ пешбинӣ шудааст, мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






