Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
ТУРСУНЗОДА, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода зиёда аз 420 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Дар басти аввал аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Душанбе, Турсунзода ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва як қисми таълимгирандагони ятиму маъюби Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринаву шаҳри Душанбе истироҳат намуда истодаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Директори мавсимии истироҳатгоҳи «Ширкент» Ҷалол Холов иброз дошт, ки «истироҳатгоҳ дар як баст то 450 нафар кӯдакро ба истироҳат фаро гирифта метавонад. Аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ имсол дар чор баст зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон дар ин истироҳатгоҳи хушбоду ҳаво истироҳат менамоянд».
Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шамшод Фозилзода гуфт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» тамоми шароити заруриро муҳайё намудем.
«Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шуда, ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар се басти истироҳатгоҳ зиёда аз 500 нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва хонандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта мешаванд»,-афзуд номбурда.
Истироҳатгоҳ «Ширкент» бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулиятҳое мебошад, ки барои кӯдакон писанд аст. Ҳамчунин дар истироҳатггоҳ нуқтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он табиб ба кӯдакону наврасон ба таври шабонарӯзӣ хизмати тиббӣ мерасонад.
Мурабияи истироҳатгоҳи «Ширкент» Аниса Ҳотамова гуфт, ки айни замон дар гурӯҳи ман 19 нафар кӯдакони ятими Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе ба истироҳати тобистона фаро гирифта шудаанд. Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» беҳтарин шароит мавҷуд аст, ки аз ин имконияҳо кӯдакон истифода намуда, истироҳати бофароғат доранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






