Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
РӮДАКӢ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати дастовардҳои назарраси хонандагони ин муассисаи махсуси таълимӣ дар Сурдоолимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ин гуна дастовардҳо самараи сиёсати иҷтимоӣ ва маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани имконияти баробар барои таҳсил ва рушд мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, тавсеаи қобилияти зеҳнӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи май Сурдоолимпиадаи фаннӣ байни муассисаҳои махсуси таълимии кӯдакони ношунавои мамлакат баргузор гардид. Дар ин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 42 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ бо омодагии ҳамаҷониба иштирок намуда, 8 нафар соҳиби медали тилло, 10 нафар сазовори медали нуқра ва 5 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. 19 хонанда барои иштироки фаъолона бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ба дарёфти Шоҳҷоизаи Сурдоолимпиадаи фаннӣ сазовор гардид. Ин натиҷа далели равшани сатҳи баланди таълиму тарбия, заҳмати беандоза ва садоқати омӯзгорони ин боргоҳи маърифат маҳсуб мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






