Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад

Июнь 24, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ин унвон бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» дар матбааи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мулквар»-и шаҳри Душанбе маҳсули эҷоди рӯзноманигори соҳибтаҷриба Саттор Қарахонов аз чоп баромад.

Китоби «Нома ба насли оянда» дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ рӯйи чоп омадааст. Ин маҷмуаи публитсистӣ мақолаҳои андешамандона ва пандомӯзеро дар бар мегирад, ки ба масоили муҳими рӯзмарраи ҷомеа бахшида шудаанд. Муаллиф бо нигариши хоса ва нигоҳи мардумгароёна масъалаҳои ватандӯстӣ, маърифати шаҳрнишинӣ, фарҳанги муошират, ахлоқи оилавӣ ва маърифати экологиро ба риштаи таҳлил мекашад.

Бо забони содаву равон ва сабку услуби хос муаллиф кӯшиш кардааст, ки насли ҷавонро ба андешидан, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ раҳнамун созад. «Нома ба насли оянда»  як дастури ахлоқиву маънавӣ барои хонандаи ҷавон ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад. Китоб даъват ба он аст, ки барои фардои беҳтар бояд имрӯзро бо масъулияту меҳру муҳаббат зиндагӣ кард.

-Саттор Қарахонов аз чеҳраҳои шинохтаи матбуоти тоҷик ва  публитсисти варзида  аст, ки наздик ба панҷ даҳсола дар идораи рӯзномаи «Хатлон» фаъолияти пурсамари эҷодӣ мебарад, — омадааст дар пешгуфтори китоб.

Маҷмуа аз 4 қисмат  иборат буда, насли ҷавонро ба ватандӯстию ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёкон, риояи одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати экологӣ ҳидоят мекунанд.

АКС: Идораи рӯзномаи «Хатлон»

Июнь 24, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад