Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ шуд

Июнь 12, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои фарогири Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории созанда бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд